Эмомалӣ Раҳмон – номзади ҲХДТ дар интихоботи президентӣ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, ки ба ҳайси вакил аз ВМКБ дар анҷумани ҲХДТ иштирок кард, дигарбора ба мансаби президентӣ пешниҳод гардид

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки вакилони Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ интихоб карданд. 

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Ватанзода 4 сабаби таъйини интихобот дар октябрро гуфт

“Нахуст номзадии Эмомалӣ Раҳмонро Зубайда Шарипова, директори мактаб-интернати кудакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе пешниҳод кард. Бақия музокиракунандагон, аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Гулнора Тайғунова, раиси шуъбаи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд”, - гуфт Абдураҳмон Хонов.

Ба қавли раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон, дар анҷумани ҲХДТ тариқи онлайн диаспораҳои тоҷикон ва созмонҳои муҳоҷирини Тоҷикистон дар Маскав низ ширкат карда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуданд.

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ: КМИР гуфт дар 29 кишвар ҳавзаҳои овоздиҳӣ таъсис медиҳад

“Аз ҳудуди 990 вакиле, ки дар анҷуман раъй дод, ягон нафар бетараф ё мухолифи ин пешниҳод набуд. Лозим ба ёдоварист, ки баҳсу баррасиҳо дар толор бидуни сохтакорӣ ва самимона анҷом гирифтанд”, - гуфт Абдураҳмон Хонов.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Номзади ҷавонони Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ маълум шуд-акс

Дар ҳамин ҳол, пешниҳод шудани Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин интригаи интихоботӣ дар Тоҷикистонро аз миён бурд. Қаблан Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои президентӣ пешниҳод карда буданд. Аммо эҳтимоли пешниҳод шудани як нафари дигар аз миён нарафта буд.

Ҳоло Ҳизби халқӣ – демократӣ, ба истилоҳ, ҳизби ҳокими Тоҷикистон, ки аксарияти ниҳодҳои ҳукуматӣ, парлумон ва дигар сохторҳои кишварро таҳти назорат дорад, номзадии ӯро пешниҳод карда, номзади асосии худро маълум намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Баъдтар дар интихоботҳои президентии солҳои 1999, 2006 ва 2013 низ пирӯз омад. Ин бори панҷум мешавад, ки ӯ вориди сабқати интихоботи президентӣ мешавад.

Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон қаблан, Ҳизби аграрӣ  Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби демократӣ  Саидҷаъфар Усмонзода ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бошад номзадии Рустам Раҳматзодаро пешниҳод карда буданд.

Ҳизби сотсиал демократӣ бошад, эълон кард, ки интихоботи навбатиро таҳрим ва аз ширкат дар он худдорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0