Қарзи хориҷии Тоҷикистон: аз кӣ чӣ қадар? – омори пурра

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры США.
Денежные купюры США. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон ба 3 миллиарду 96 миллион доллар баробар шудааст, ки 36,1% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ин рақамро дар нишасти матбуотии ниҳодаш эълон карда, афзуд, қарзи хориҷӣ ба ҳолати 1 январи соли равон 1 миллиарду 925 миллион долларро ташкил мекард ва бо ҷалби қарзҳои ҷадиду пардохти қарзи асосиву фоизҳо, инчунин фарқияти қарби асъор ба 3 миллиарду 96 миллион доллар расидааст.

Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия: нақшаи буҷет иҷро нашуд

“Дар ин миён қарзи асосӣ 76,52 миллион доллар баргардонида шуда, фоизҳо 38,34 миллион пардохт шуданд. Фарқияти қурби асъор ҳам 13, 41 миллион долларро ташкил дод. Дар умум, қарзи хориҷӣ ба таври муътадил ва бидуни мушкил аз сӯи Тоҷикистон адо мешавад”, - гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Тибқи иттилои вазорати молия, ба ҳолати 1 июли соли 2020 қарзҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ 338, 59, Бонки осиёии рушд - 278,16, Бонки исломии рушд – 131,98, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – 57,92, Фонди СДСН (ОПЕК) – 39,21, Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – 69, Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 19,42, Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ – 6,77, Бонки осиёии инфрасохтор – 32,06 ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 189, 53, ҷамъ 1 миллиарду 162, 85 миллион доллар аст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, қарзҳои дуҷонибаи Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 3,52, Фонди кувайтии рушд – 35, 76, Фонди саудии рушд – 76,32, “Эксимбонк”-и Чин – 1133,42, Бонки олмонии рушд (KFW) – 18,81, Фаронса – 22,40 ва Фонди абудабии рушд – 9,21, коғазҳои қиматнок – вомбаргҳо (евробондҳо) - 500, ҷамъ 1 миллиарду 799, 45 миллион долларро ташкил мекунад.

Боз қарз: Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон 189,5 млн. доллар дод

Бонки миллии Тоҷикистон – 23 миллион доллар аз Хазинаи байнулмилалии асъор (17,95), Чин (3) ва Бонки исломии Рушд (2,11) ҷалб намуда, дигар қарзҳои беруна, ки аз рӯи ӯҳдадориҳои вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадаанд, ба шумули қарзҳои кафолатнок (79, 31) ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бе кафолати давлатӣ (31, 52) 110, 83 миллион долларро ташкил мекунад.

Қарз аз ХБА барои пардохти фоизи қарзҳои пешин

Дурнамои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и Тоҷикистон ба 1 июли соли 2020 87 миллиарду 379 сомонӣ (8 миллиарду 566,6 млн доллар, курс - 10,2) доллар аст.

Лентаи хабарҳо
0