Интихоботи 2020: Эмомалӣ Раҳмон вакил аз Бадахшон шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото
Эмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷумани 14 – уми ҲХДТ вакил интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Абдураҳмон Хонов, раиси Дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, конфронси вилоятии Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони яке аз вакилони худ ба анҷумани ғайринавбатии 14 – уми ҳизб пешниҳод кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
3 сентябр: Оё Раҳмон дар анҷумани Ҳизби халқӣ-демократӣ хоҳад буд?

“Ин як шарафи бузург на фақат барои мардуми ин вилоят, балки тамоми кишвар аст, ки номзадии раиси ҳизб маҳз аз ин вилоят пешниҳод мешавад. Ҷаноби раисҷумҳур ҳамчун вакили Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон аз ин вилоят дар анҷумани ғайринавбатии 14 – уми он ширкат хоҳанд кард”, - гуфт раиси Дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон.

"Бе лагандбардорӣ": Файзов ҳангоми сафари президент ба Бадахшон чӣ гуфт

Бино ба иттилои Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон, тайи ду рӯзи гузашта дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар конфронсҳои ҳизбӣ баргузор ва намояндагони ҳизб ба анҷумани ғайринавбатӣ маълум шудаанд.

Рахмон вручил госнаграду Махмадсаиду Убайдуллоеву - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Убайдуллоевро  бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2013 низ аз сӯи аъзои ин ҳизб дар Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон вакил пешниҳод шуда, аз сӯи анҷумани ҲХДТ номзад пешбарӣ гардид ва дар интихобот пирӯз омада буд.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Ба иттилои масъулини ҲХДТ, ин ҳизб ҳудуди 500 ҳазор аъзо дар саросари кишвар дорад, ки 40% - и онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар анҷумани ғайринавбатӣ, ки 3 сентябр баргузор хоҳад шуд ва номзади ҳизбро пешниҳод хоҳад кард, аз 487 узви ҳизб як вакил ширкат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0