ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Абдураҳмон Хонов, раиси Дастгоҳи марказии Ҳизби халқӣ – демократӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол ширкати раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани ҳизб, ки 3 сентябр баргузор хоҳад шуд, таъйид нашудааст.
"Анҷуман дар Кохи Борбад баргузор мешавад. Дар рӯзномаи анҷуман танҳо ду масъала – интихоби номзад ва барномаи номзад дар интихоботи президентӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳоло гуфта наметавонем, ки раиси ҳизб дар анҷуман ширкат хоҳанд кард ё хайр", - гуфт Абдураҳмон Хонов.
Ҳизби халқӣ – демократӣ дар ҳоли ҳозир бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон буда, соли 1994 таъсис ёфта, аз соли 2000 пас аз гирифтани аксарияти курсиҳои парлумонӣ ва ҳам маҷлисҳои маҳаллӣ зимоми қудратро дар даст дорад ва ҳизби ҳоким ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз соли 1998 ба ин сӯ раҳбарии онро ба зимма гирифт ва дар интихоботҳои президентии соли 1999, 2006 ва 2013 аз сӯи ин ҳизб ба маснади президентӣ пешниҳод шудааст.
Раиси Дастгоҳи марказии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон мегӯяд, ҳизб то ба ҳол номзади худро аниқ накардааст.
Интихоботи президенти Тоҷикистон: муҳиммот
"Ин дар салоҳияти анҷуман аст. Маҳз ҳамон рӯз вакилони анҷуман номзади ҳизбро пешниҳод хоҳанд кард ва дар пайи овоздиҳӣ маълум хоҳад шуд, ки кӣ номзади ҲХДТ хоҳад буд", - гуфт Абдураҳмон Хонов.
26 август анҷумани ғайринавбатии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар интихоботи президентии 11 октябр дар кишвар пешниҳод карда буд.
Омодагӣ ба интихобот дар Суғд: ҲХДТ дар вилоят шумораи дақиқи аъзояшро эълон кард
Тибқи иттилои расмӣ, ҲХДТ ҳудуди 500 ҳазор аъзо дар саросари кишвар дорад, ки 40% - и онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Раиси Дастгоҳи марказии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар анҷумани ғайринавбатӣ, ки 3 сентябр баргузор хоҳад шуд ва номзади ҳизбро пешниҳод хоҳад кард, аз 487 узви ҳизб як вакил ширкат хоҳад кард.
"Мо вазъи пандемияро ба назар гирифта, чораҳои беҳдоштиро рӯӯи даст гирифтаем. Бештар аз 1000 нафарро даъват хоҳем кард, то дар толор вакилон тибқи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷойгир шаванд", - гуфт Абдураҳмон Хонов.
То ин замон чор ҳизби сиёсии Тоҷикистон – аҳзоби аграриву сотсиалистӣ, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ анҷуманҳои ғайринавбатӣ баргузор намуда, номзадҳои худро пешниҳод кардаанд.
Ҳизби сотсиал – демократ аз ширкат дар интихобот даст кашид. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр анҷуман баргузор хоҳад кард.