ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Нимҳимоятгари тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз “Истиқлол”-и Душанбе ба тими “Навбаҳор”-и Намангони Узбекистон гузашт.
Ташаббускори ин иқдом тими ӯзбекистонӣ будааст, ки ба бошгоҳи “Истиқлол” барои гирифтани Эҳсони Панҷшанбе пешниҳод кардааст. Раёсати “Истиқлол”, ки қаҳрамони Тоҷикистон мебошад, барои ин гузариш розӣ шудааст.
Дар пайи анҷоми расмиёт, Эҳсони Панҷшанбе бо тими “Навбаҳор” созишнома бастааст, ки муҳлати амалаш то охири соли 2022 дар назар аст.
Футболисти тоҷик дар пайи бозии дӯстонаи тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 3 сентябр дар Тошканд дар назар аст, ба “Навбаҳор” мепайвандад.
“Навбаҳор” дар радабандии тимҳои Ӯзбекистон баъди анҷоми марҳилаи аввали қаҳрамонии кишвар дар мақоми 7-ум қарор дорад.
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбии варзишияшро нимаи дуюми соли 2016 дар ҳайати бошгоҳи “Истиқлол” оғоз карда, тайи ин солҳо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми ҷумҳурӣ ва иштирокчии даври ниҳоии Ҷоми КФО – 2017 шуд.