Дар вилояти Бадахшон 18 пул месозанд

© Sputnik / Амир ИсаевМост через реку
Мост через реку - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи умумии 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дошта,   дар доираи амалишавии онҳо  дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули  мошингузар сохта мешавад. 

Визит Эмомали Рахмона в ГБАО  - Sputnik Тоҷикистон
Президент дар Хоруғ ба пули мошингузар санги асос гузошт
Татбиқи лоиҳаҳои мазкур  ба беҳтар намудани шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт ва пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунии вилоят мусоидат менамояд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.

"Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию пулсозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”-и давлати Туркия таҳия гардидааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Разрез асфальта во время ремонта участка дороги - Sputnik Тоҷикистон
Пул барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ВМКБ: 3,5 миллион сомонӣ барои 2,7 ҳазор км

Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки ояндаи наздик қисми боқимондаи ин шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда шавад.

Ҳоло дар вилоят корҳои сохтмону навсозӣ  дар 506 иншооти таъйиноти гуногун  ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0