Пул барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ВМКБ: 3,5 миллион сомонӣ барои 2,7 ҳазор км

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкРазрез асфальта во время ремонта участка дороги
Разрез асфальта во время ремонта участка дороги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ВМКБ гузориш додааст, ки масофаи умумии роҳҳои вилоят 2 ҳазору 728,4 километрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Аз масофаи умумии роҳҳо, 1 ҳазору 276,3 километри онро роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ, 383,5 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1068,6 километр дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд, хабар додаст раёсати ВМКБ зимни нишасти матбуотӣ.

Тоннель по дороге Душанбе - Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вакил гуфт, нақбҳо ториканд: Вазир посух дод, ки муассиса ташкил кардем, равшан мешаванд

Котиботи ҳукумати ВМКБ гузориш додаст, ки соли гузашта барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят 3 миллиону 543,5 ҳазор сомонӣ истифода гардидааст.

“Барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 799,2 ҳазор сомонӣ масраф гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 2,4 фоиз ва мусофиркашонӣ 0,1 фоиз зиёд гардидааст. Дар маҷмуъ ба вилоят соли гузашта 48 адад техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ ворид шудааст.  

Мақомот зикр намудаст, ки дар соли ҳисоботӣ дар роҳҳои автомобилгарди вилоят 7 садамаи налиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 16 нафар ҳалок ва 5 нафар маҷруҳ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0