ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи милли олимпӣ, дар бозии марказии давр муддаиёни медалҳои тиллои чемпионат – “Хатлон” ва “Зебо” вохӯрданд.
"Дар бозии бисёр бошиддат ғолиб муайян нагардид, ҳисоб – 0:0 шуд. Ин мусовиро истифода бурда, “Зебонисо”, ки дар Турсунзода бар дастаи маҳаллии “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 6:0 ғалаба кард, дар ҷадвали мусобиқа ба тими “Хатлон” наздик шуд", - тавзеҳ дод Кумитаи миллӣ.
Манбаъ афзуд, бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер” ва “Бешкент” низ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Дар ду бозии дигар “Чашма” бар тими “Барқ” бо ҳисоби 1:0 ва “Равшан” бар “Ҳосилот” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
Зикр гардид, ки то анҷоми мавсими имсола дар чемпионат се даври дигар боқӣ мондааст. Дар даври навбатӣ рӯзи 2-юми сентябр "Хатлон" бо "Бешкент", "Зебонисо" бо "Панҷшер", "Ҳосилот" бо "Регар-ТадАЗ", "Чашма" бо "Равшан" ва "Зебо" бо "Барқ" бозӣ мекунанд.