ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мувофиқи маълумоти геологӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт кашф гардидаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисоб карда шудааст. Аз ин миқдор 331,4 млн. тонна захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ барои истихроҷу коркард омода мебошанд.
Саидҷон Саидраҳмонзода, сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, таъкид доштааст, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба миқдори 600-700 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуда, талаботи солонаи он дар бозори дохилӣ 1,5 млн. тоннаро ташкил медод.
Корхонаи калонтарини соҳа ҶСК “Ангишт”, қаблан Шахтаи №8 дар шаҳраки Шӯроб, бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна аз соли 1939 ба фаъолият оғоз намуда, соли 1979 зиёда аз 950 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудааст. Дар ин давра шумораи коргарон 3500 нафар, дарозии нақбҳо ва иншооти фаъолияткунандаи зеризаминӣ дар корхона 32 км-ро ташкил медод.
КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” соли 1983 бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт дар қитъаи «Карйерний»- и кони ангишти “Фон-Яғноб” бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тоннна истихроҷи ангишт ба фаъолият оғоз намудааст.
Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соҳаи истихроҷи ангишт низ дар қатори дигар соҳаҳо таназзул ёфта, фаъолияти конҳои асосии мамлакат- “Шӯроб” ва “Фон-Яғноб” бо сабаби дастрас нагардидани маблағҳо ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ба мушкилиҳо дучор гардиданд. Дар натиҷа истихроҷи солонаи ангишт дар ҷумҳурӣ соли 1997 то ба 14 ҳазор тонна коҳиш ёфт.
“Дар даврони истиқлолият пеши роҳи пастравии истеҳсолот дар соҳа гирифта шуд. Аз соли 2007 то соли 2014 дар ҷумҳурӣ 18 корхона, аз ҷумла 6 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт (дар 3 кон бо тарзи зеризаминӣ ва дар 15 кон бо тарзи кушода) ба истихроҷи ангишт оғоз намуданд”, - қайд кард Саидҷон Саидраҳмонзода.
Вай афзуд, соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат ҳисобида шуда, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар як муҳлати кӯтоҳ барои пешрафти соҳаи саноати кишвар нақши сазовор гузорад.
Саидҷон Саидраҳмонзода, ҳамчунин гуфт ангиштканони мамлакат тасмим гирифтанд, истихроҷи ангиштро дар соли равон то ба 2,2 млн тонна ва то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонанд.