Дар 29 соли истиқлолият дар Тоҷикистон 12 миллион тонна ангишт истихроҷ шуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкДобыча угля, архивное фото
Добыча угля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон аз истихроҷи 12 миллион тонна ангишт дар ин кишвар дар 29 соли истиқлол хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Авеста, дар ин муддат истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон аз 313 ҳазор тонна дар соли 1991 ба ҳудуди ду миллиону 28 ҳазор тонна дар соли 2019 расид, ки заминаи таъмини ниёзи дохилӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсояро низ фароҳам сохт.

ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат: дар соли равон барои МГБ-2 беш 1 миллион тонна ангишт захира хоҳад шуд

Аз сӯи дигар истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи имсол ба як миллиону 25 ҳазору 300 тонна расида, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 33 ҳазор тонна бештар мебошад.

Саҳми ширкатҳои давлатӣ дар истихроҷи ин миқдор ангишт 59.6 дарсад ва ширкатҳои хусусӣ 40.14 дарсад будааст.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон дар кишвар 200 марказ ва корхона аз ангишт ба ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир аз маъдаҳои Фон-Яғноб, Шуроб дар вилояти Суғд, Нараилоқ дар минтақаи Рашт, Зидеҳ дар шимоли шаҳри Душанбе ва Сайёд дар дарраи Ромити шаҳристони Ваҳдат ангишт истихроҷ мешавад.

Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон ҳудуди се миллиард тонна аст.

Лентаи хабарҳо
0