Мақомоти ноҳияи Спитамен барои огаҳии сокинон аз вируси корона ба бозорҳо рафтанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПокупатели на рынке Мехргон
Покупатели на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ноҳияи Спитамен ба хотири кам нашудани хатари коронавирус аз сокинон хоҳиш карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар бозорҳои “Шукрона”, “Шукрона-1” ва бозори марказии ноҳия ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенӣ ва чораҳои зиддиэпидемиявӣ бо мақсади пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемории сироятии коронавирус (Covid - 19) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон
Ситод дар рӯзҳои наздик дар бораи санаи бозкушоии масҷидҳо тасмим мегирад

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулин зимни сӯҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки хатари коронавирус то ҳол кам нашуда, риояи қоидаҳои пешгирӣ ҳатмӣ мебошад.

“Аз сокинон даъват карда шуд, ки масъулияти шаҳрвандиро иҷро намуда, бе ниқоб гаштугузор нанамоянд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Куруш, кӯчаи Истиқлол, Рӯдакӣ ва кӯчаи Ваҳдат низ гузаронида шуд.

Мақомоти ноҳияи Спитамен қайд кардааст, ки дар ноҳия ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии коронавирус тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0