Ситод дар рӯзҳои наздик дар бораи санаи бозкушоии масҷидҳо тасмим мегирад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди муқобила бо вируси коронаи Тоҷикистон ба зудӣ дар бораи замони бозкушоии масҷидҳо дар кишвар тасмимгирӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзим ва ҷашну анъанаҳои миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Авесто” таъкид доштааст, ки  бо вуҷуди баста будани масҷидҳо, анҷуманҳои динӣ ва ғайридинӣ, ки асосномаи онҳо дар кишвар сабт шудааст, метавонанд аз фазои масоҷид бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ истифода кунанд.

Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода гуфт, киҳо бояд ба масҷид нараванд: "гунаҳкор мешаванд"

Бояд қайд кард, ки масҷидҳои Тоҷикистон авоили марти имсол бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона баста шуд.

Пас аз муддате бо тавваҷуҳ ба ин ки ҳеч таъйиди расмие дар хусуси вуҷуди бемории Ковид -19 дар Тоҷикистон вуҷуд надошт, масоҷид бозкушоӣ шуданд, аммо 18 аррел тибқи мусаввабаи Шӯрои уламои кишвар, масоҷиди Тоҷикистон дубора барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона баста шуд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистон, аз 30 апрел то 26 август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8413 нафар расид

Бар асоси иттилоияи расмӣ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7 ҳазору 214 нафар ё худ 85,7%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 67 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.

“Шабонарӯзи охир 76 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Лентаи хабарҳо
0