ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Қирғизистон ба намози ҷумъа иҷозат доданд, гузориш медиҳанд расонаҳои кишвар.
Бино бар иттилои манобеъ, дафтари мудирияти мусулмони Қирғизистон аз лағви маҳдудиятҳо дар масоҷиди ин кишвар хабар дод.
"Бо тавваҷуҳ ба коҳиши мавориди корона дар Қирғизистон, маҳдудиятҳое монанди мамнӯияти баргузории намози ҷумъа дар масоҷид бо риояти усули беҳдоштӣ лағв шудааст", - эълом кардааст Раёсати мусалмонони кишвар.
Аммо, ҳузур дар масоҷид ҳамчунон барои пирмардон, шаҳрвандони дорои алоими корона ва кӯдакон мамнуъ аст.
Барои афроди одӣ низ ҳузури беш аз 20 дақиқа дар масҷид мамнуъ шудааст.
12 фавт дар як рӯз: теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 1409 нафар расид