ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар Қирғизистон давоми шабонарӯзи гузашта 134 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба омори Вазорати беҳдошт.
Дар умум то имрӯз дар Қирғизистон 43 023 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудааст.
Коршиносони рус барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон мераванд
Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 134 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шуда, 341 бемор шифо ёфтааст.
Дар давоми 24 соати гузашта дар Қирғизистон як бемор дар вилояти Ош аз коронавирус ҷон бохт.
Дар умум аз аввали ҳамагирии коронавирус 1 056 кас қурбони ин вабои аср шудааст.