ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Дар пайи садамаҳои мудҳиш дар шаҳрҳои Кӯлобу Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ дар ду рӯзи ахир 4 тан ҳалок шудаанд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар шумори қурбониёни садамаҳо як кӯдаки 7-сола низ будааст.
Бино бар иттилои манбаъ, 28-уми августи соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ғафуров Маҳмадумар Хурсандович, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Эсанбой ба самти деҳаи Лоҳур, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Исмоилова Бибисоро Қудратуллоевна, соли таваллудаш 2013, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкурро пахш намудааст, ки ахирон мутаассифона дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Парванда алайҳи ронандаи мошине, ки дар пайи садамаи он Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд
Рӯзи 27-уми августи соли 2020, тахминан соати 22:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109”, Сарахонов Назри Улуғбекович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи 1-Май ба самти бозори “Сомониён” ва расидан ба гардиши даромадгоҳи боғи “Модарон” ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099”, ки таҳти идораи ронанда Тиллоев Раббони Нуруллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри мазкур қарор дошт, бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109”, Рустамов Эраҷ Аъзамович, соли таваллудаш 2001 ва Сайдалиев Сунатулло Исломуддинович, соли таваллудаш 1997, сокинони ҳамин шаҳр, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - тавзеҳ медиҳад ВКД.
Худи ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109”, Сарахонов Н.У. ва мусофири дигари дар дохили автомашина буда, Иброҳимов Хайрандеш Асламбекович, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", ки таҳти идораи ронанда, Мирзоев Шервон Ҳасанович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри мазкур қарор дошт, бархӯрдааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Мирзоев Ш.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст ва мусофири дохили автомашинаи мазкур Давронова Нозукой Боботурсуновна, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Косатароши ҳамин шаҳр, ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар гузориши ВКД Тоҷикистон.
Тафтишоти ҳодисаҳои мазкур идома дорад.
Садамаи мошин бо 28 тонна бор дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб - аксҳо аз ҷои ҳодиса