ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ - Панҷакент хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 26 - уми август, тахминан соати 19:30 дақиқа рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Сатторов Рамазони 26 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сучина, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур, Қосимов Беҳрӯзи 26 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Л.Шералӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.