Бонкдори асосии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуд

© Пресс-служба президента РТНурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото
Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими қадрдонии кормандони бахшҳои гуногун ба раиси Бонки миллии кишвар медал дод

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуд, хабар дод котиботи ин бонк.

Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Президент ба вазири тандурустӣ ҷоиза дод

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин, сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Рукмина Сафарова низ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки бо медали “Хизмати шоиста”  шаҳрвандони  Тоҷикистон барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, барои комёбиҳо дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешаванд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0