Раҳмон номзад ба президентӣ ва Файзизода раиси нави иттифоқҳои касаба шуд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар нуқтаи овоздиҳӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар нуқтаи овоздиҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он бо овоздиҳии якдилонаи вакилон, Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Иттифоқи касаба, дар ҷаласа, баробари пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ, инчунин роҳбарони нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил интихоб гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар нуқтаи овоздиҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон номзад ба президентӣ ва Файзизода раиси нави иттифоқҳои касаба шуд

Ба иттилои манбаъ, вакилони Анҷуман Файзизода Исмоил Назриро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Назарзода Нигора Нураҳмадро муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб намуданд.

Ҳакимов: иштироки ҲСДТ дар интихобот дар чунин шароит ғайриимкон аст

Вакилони Анҷуман инчунин лоиҳаи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Барномаи амали Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027, сохтор, мақомот, аъзоёни Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

Рахматилло Зоиров, глава СДПТ  - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ иштирок намекунад

Таъкид шудааст, ки масъулини Иттифоқҳои касаба, аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ, садоқати беандоза ба Ватан, ҷоннисорӣ баҳри шукуфоӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандон, дастгирии соҳибкорон ва даҳҳо амалҳои наҷиб хирадмандӣ ва дурандешӣ, муҳаббатномаи мардуми Тоҷикистон ба раисиҷумҳур суханронӣ намуданд.

Нашри ин иттилоия дар ҳолест, ки Иттифоқҳои касаба аз ҷумлаи ниҳодҳое дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳаққи пешниҳоди номзад ба президентиро соҳиб мебошад. Интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон 11 октябр дар назар аст.

 

Лентаи хабарҳо
0