Ҷаласаи Расулзода дар Кӯлоб: бо киҳо ва аз чӣ?

© Министерство здравоохранения РТПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
25 августи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни сохтмони як зумра иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Кӯлоб бо доираи васеи фаъолон ҷаласа доир гардид.

Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Начинающий водитель во время практических занятий в автошколе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳодатномаи ронандагӣ – василаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Кӯлоб

Гуфта мешавад, дар ҷаласа оид ба омодагиҳо ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, муҳайё намудани шароити корӣ, инчунин оид ба пешгирии бемории коронавирус, беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, захира намудани озуқа барои зимистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Қоҳир Расулзода аз шаҳраки Саразм дидан кард

Ёдовар мешавем, ки 25 августи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни сохтмони як зумра иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0