ДУШАНБЕ, 24 авг— Sputnik. Зафар Табаров, роҳбари ҷамъияти мазкур изҳор дошт, ки айни ҳол зиёда аз 3 ҳазору 410 нафар довталаб ба таълими дарсҳои ронандагӣ фаро гирифта шудаанд.
“Ҷамъияти “Рушди роҳнавард” бо 27 мактаби ронандагии минтақаи Кӯлоб шартнома дошта, мувофиқи он амал менамояд”, - хабар додааст “Ховар”.
Манбаъ афзуд, ки ба хотири даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва таъмин намудани онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ 1 ҳазору 690 нафар даъватшавандагон бо дараҷаҳои “С” ва “С -1” ба таври ройгон таъмин карда шуданд. Инчунин барои ҳавасмандгардонӣ онҳо аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дараҷаи “Б” низ таъмин карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки ҷамъият дорои 4 синфхона буда, бо тамоми лавозимоти дарсӣ таъмин мебошанд.
“Барои аз санҷиш гузаштани довталабон 7 мошини сабукрав, 2 адад мототсикл, 2 адад автобус ва 4 адад мошини боркаш мавҷуданд. Дар онҳо довталабонро бо қисмҳои эҳтиётии нақлиёт шинос намуда, тарзи рондани нақлиётро меомӯзонанд”, - омадааст дар иттилоия.