ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ширкати ватании "Сомон Эйр" рӯзи 30 август дар самти Душанбе - Минск - Душанбе парвози чартерӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Белорус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин, вазорат аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Белорус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи санитарию эпидемиологиро ба назар гиранд.
55 парвози иловагии чартерӣ то охири моҳ: ВУХ вақту замони парвозҳоро гуфт
Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Белорус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд.
Манбаъ меафзояд, барои харидани чиптаҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба "Сомон Эйр" муроҷиат намоянд.
Таъкид мешавад, ки ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Ҳамзамон кӯдакони то 3 - сола аз пешниҳоди шаҳодатнома озод мебошанд.