Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон бо кумаки Подшоҳии Норвегия сурат гирифт

© пресс-служба ООНМигранты на границе Казахстана
Мигранты на границе Казахстана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати Созмони Милал дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Созмони байналмилалии муҳоҷират  (СБМ) мавҷи нави муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, субҳи 16-уми август, вориди Тоҷикистон шуданд.

Таджикские мигранты застрявшие на границе Казахстана и Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 200 муҳоҷири дар марзи Қазоқистон бандмондаро ба Тоҷикистон оварданд

Гуфта шудааст, ки ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд.

“Ин амалиёти интиқол ва ироаи ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони дармонда бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт”, - таъкид кардааст СБМ.

Тибқи иттилои манбаъ, аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти беш аз 1800 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба ватан мусоидат кардааст.

Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

“Бархе аз онҳо дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд”, - қайд кардааст манбаъ

Созмони байналмилалии муҳоҷират таъкид доштааст, ки бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд.

Сотрудник ГИБДД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират зикр кардааст, ки аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд.

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон

“СБМ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват мекунад, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармондаро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд”, - қайд намудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0