ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Торнамои шабакаи CNN, рӯзи якшанбе навишт Доналд Трамп бо як дастури иҷроӣ, идомаи фаолияти ширкати "Tik Tok"-ро ба интиқоли моликияти ин барнома ба як ширкати амрикоӣ машрут кардааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Бино бар иттилои манбаъ, то кунун гумоназаниҳое дар бораи хариди ин барнома тавссути ширкати амрикоии "Microsoft" матраҳ будааст.
"Tik Tok" низ дар баёнияе, ки барои CNN иросл карда навиштааст: Мо ба хотири тазмини ҳокимияти қонун ва рафтори одилона бо мо ва корбарони ин барнома, чорае ҷуз шикоят аз дастури Трамп надорем.
Давлати Амрико чунин истидлол мекунад, ки равобити "Tik Tok" бо Чин метавонад сабаби интиқоли иттилооти корбарони амрикоӣ ба давлати Чин шавад.
"Tik Tok" ин иддаоро рад карда ва гуфтааст ҳатто агар давлати Чин бихоҳад ҳам чунин иттилоотеро дар ихтиёри онҳо намениҳад.
"Tik Tok" барномаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои иштироки видео аст, ки сареътарин рушдро байни ҷавонон доштааст.