ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар садое, ки бародарзодаи Раиси Ҷумҳурии Амрико Мария Трамп ба сурати пинҳонӣ сабт карда ва дар хабаргузории амрикоии Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, Марианна Трамп хоҳари калони Трамп Марианна Трамп Берри, ва собиқ судяи федералӣ, бародари худро шадидан танқид карда, исрор кард, ки вай ҳеҷ принсип надорад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба Ирна.
Бино бар иттилои манбаъ, Марианна дар ин садои сабтшуда гуфтааст, ки чи тавр мешавад, ки хонаводаи ман хатарноктарин марди ҷаҳонро ба вуҷуд оварад.
Мария Трамп пас аз интишори ин садои сабтшуда гуфт, ки вай сабти гуфтугӯҳо бо аммаи худро дар солҳои 2018 то 2019 анҷом додааст.
Трамп пешниҳод намуд, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико ба таъхир гузошта шавад
Хоҳари калонии Трамп дар қисмати дигаре аз садои сабтшудааш гуфтааст: Твиитҳои лаънатӣ ва дурӯғҳояш!
Доналд бидуни омодагӣ сӯҳбат мекунад ва дурӯғ мегӯяд.