ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1380 сомонӣ ва дар бозори нақд бошад 0.1420 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3185 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1356 то 12.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1425 то 0,1445 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.135 то 0.146 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1375 то 0,1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Русия ва Чин аз доллар рӯй гардонданд
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.