ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар робита ба ташрифи навбатии кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, китобе бо номи "Бадахшон бо Эмомалӣ Раҳмон" ба чоп расид, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, китоби мазкур аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров ва дастгириҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба нашр расид.
Муҳаққиқ ва муҳаррири китоб, директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳоким Қаландариён дар китоби мазкур сафарҳо ва суханрониҳои президентро аз соли 1993 то соли 2018 ҷамъоварӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода, дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба таври хосса зикр намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон низ меҳмони як хонавода шуд
Зимнан, дар сафҳаи аввали китоб Ёдгор Файзов раиси ВМКБ оид ба ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Бадахшон ва ҷалби зиёди маблағҳои буҷетӣ ба рушди ин минтақаи Тоҷикистон арзёбӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ аз 19 то 22 август дар ВМКБ қарор дошта, дар ноҳияиҳои Ванҷу Дарвоз ва Рӯшону шаҳри Хоруғ як қатор иншоотҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, барои сохтмони чандин иншооти дигар санги асос гузошт.