Раҳмон ба Душанбе баргашт: сафари ӯ дар Бадахшон анҷом ёфт

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 август пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргашт

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Сафари кории кишвардори Тоҷикистон дар ВМКБ анҷом ёфт ва рӯзи 22 август ба шаҳри Душанбе баргашт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯшон меҳмони як хонавода шуд - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон низ меҳмони як хонавода шуд

Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмонро, роҳбарият ва фаъолони вилоят гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки боздиди кории роҳбари давлат дар вилоят аз 19 то 22 август идома ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар Ванҷ: аз ифтитоҳи маркази савдои "Ванҷ сити" то бинои ВКД

Таъкид мешавад, ки давоми 4 рӯз бо иштироки Эмомали Раҳмон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо адад иншооти наву муосир мавриди истифода қарор гирифта, ҳамчунин ҷиҳати бунёди як зумра иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд.

Аксари иншооти наве, ки сохтмонашон зимни ин сафар ба нақша гирифта шуданд, то ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0