Ҳамин тавр, рӯзи 15 август аз вафоти мусиқачии машҳур Виктор Тсой 30 сол гузашт. Ҳаводорони ин ҳунарманд дар назди пойдевори акси ҳунарманд дар Арбати Маскав ҷамъ омаданд, то ёди Тсойро пос доранд.
Дар баробари ин шаҳре, ки дар он нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд - Вуҳан, ба зиндагии муқаррарӣ бозмегардад.
Рӯзҳои истироҳат дар боғи обии ин шаҳр шабнишиние баргузор шуд, ки дар он ҳазорон ҷавон бидуни ниқоби тиббӣ ширкат карданд.
Тобистон, гармии тоқатфарсо, аммо пандемия: истироҳати мардум дар аквапарки Душанбе - акс
Дар Индонезия вулқони Синабунг аз нав зинда шуд. Ҳамаи роҳҳо ва манзилҳои наздики вулқон аз чангу ғубор пур шуд. Вулқони Синабунг пас аз зиндашавӣ дар соли 2010, пай дар пай аз худ дарак медиҳад.
То соли 2010 ин вулқон наздики 400 сол хоб буд.









