https://sputnik.tj/20200819/Intikhoboti-prezident-kay-nomi-amai-nomzado-ba-raisumur-muayyan-meshavad-1031760256.html
Интихоботи президентӣ: кай номи ҳамаи номзадҳо муайян мешавад?
Интихоботи президентӣ: кай номи ҳамаи номзадҳо муайян мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон эълом кард, ки номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бояд то рӯзи 15 сентябри 2020 дар ин ниҳод... 19.08.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-08-19T17:03+0500
2020-08-19T17:03+0500
2021-07-07T17:46+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/20/1030802052_0:85:1616:994_1920x0_80_0_0_f4fae99af85c4a0769d0f8d1e2fac647.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/20/1030802052_88:0:1528:1080_1920x0_80_0_0_a1b63a2f6d9a62653c4d84d9501bbb88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
Интихоботи президентӣ: кай номи ҳамаи номзадҳо муайян мешавад?
17:03 19.08.2020 (Навсозишуда: 17:46 07.07.2021) Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон эълом кард, ки номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бояд то рӯзи 15 сентябри 2020 дар ин ниҳод сабтином шаванд
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ин комиссия бо эъломи тасвиби баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри имсол аз довталабони номзад шудан дар ин давр аз интихобот хост, ки бо ҷамъоварии имзои ҷонибдорони хеш мадракҳои лозимро барои сабтином ба ин ниҳод ироа кунанд. Дар ин бора "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Пас аз сабтином дар Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, номзадҳо дар муддати 25 рӯз метавонанд ба таблиғи барномаҳои хеш пардозанд.
Теъдоди овоздиҳандагони дорои шароит дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсоли Тоҷикистон 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар эълом шудааст.
Натиҷаҳои аввалияи шумориши овозҳо як рӯз пас аз баргузории интихобот ва натиҷаҳои ниҳоии он рӯзи 21 октябр соли ҷорӣ эълом хоҳад шуд.
То ба ҳол танҳо Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон Рустам Латифзода, раиси ин ҳизб ва намояндаи Маҷлиси қонунгузории ин кишварро ба унвони номзад муаррифӣ кардааст ва бақияи ҳизбҳои сиёсӣ мунтазири баргузории конгираҳои ҳизбӣ мебошанд.
Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад
Бар асоси тасмими муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон шашумин интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар зудтар аз замони интихоботи қаблӣ, ки якшанбе аввали моҳи ноябр буд, рӯзи 11 октябр баргузор мегардад.