ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Рӯзноманигорони нашрияи "MAXIM" ҳисоб карданд, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои гуногун чанд танки истеҳсоли Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ доранд. Аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин тадқиқот шомил шуданд.
Чунончи, бино бар иттилои маҷалла, қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 44 танки Т-72 дорад. Ин модели якуми танки советист, ки хело зиёд истеҳсол шудааст.
Барои муқоиса, Қазоқистон аз ин танк 540 то дорад, Ӯзбекистон дорои 80 танки Т-55, 70 танки Т-62, 100 танки Т-64 ва 70 танки Т-72 аст.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар Туркманистон аз танки Т-72 "ғанӣ" аст - ҷумҳури 702 то танк дорад.
Файзов дар бораи рекорди ҷавонони ВМКБ ва эътимод ба Қувваҳои Мусаллаҳ
Барои муайян кардани шумораи техникаи ҳарбии Қирғизистон тадқиқоти бештаре лозим шуд. Бино бар иттилои нашрияи Elgezit.kg соли 2019 дар ҷумҳурӣ 150 танк буд, ки асоси онро танкҳои модели -72 ва Т-64 ташкил медод.