Аз ислоҳи қонуни разведкаи Қувваҳои Мусаллаҳ то Кодекси андоз: Раҳмон маҷлис барпо кард

© Фото : Аз хадамоти раисҷумҳурМаҷлиси ҳукуматӣ. 26.05.2017
Маҷлиси ҳукуматӣ. 26.05.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва ҷиҳати иҷрои дастурҳои дигари Ҳукумат, супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Имрӯз, таҳти раёсати раиси Ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, нахуст “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукуматӣ ба масъулин чиро таъкид кард?

Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири самарбахши идоракунии давлатӣ, бахусус ҷиҳати тақвияти сиёсати давлат дар маҳал таҳия гардида, хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзалиятҳо ва захираҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳоро ба инобат мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои ба низоми ягона овардани раванди таҳияи барнома, нақшаҳои рушд ва тақвият бахшидани рафти ҳамоҳангсозии онҳо ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” аҳамияти махсус дода шуда, он ҳамчун дастури методӣ барои хизматчиёни давлатӣ пешниҳод гардад.

Сипас, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи разведкаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Маҷлиси ҳукуматӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси ҳукуматӣ: Эмомалӣ Раҳмон ба вазирону раисон супоришҳои мушаххас дод

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат, баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар хотима баъди баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлис, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва ҷиҳати иҷрои дастурҳои дигари Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ ва идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0