Бурду бохти соҳаи тандурустии Тоҷикистон: кадом корҳо анҷом ёфту боз чӣ дар назар аст

Обуна шудан
Соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба таври назаррас рушд намудааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳам, ҳанӯз норасоии пизишкони касбӣ ва ҳайати миёнаи тиббӣ мавҷуд аст

Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро қабул кард.

Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Як тоҷикистонии дигар аз COVID-19 фавтид: омори нави Вазорати тандурустӣ

Бар тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, агар соли 1991 маоши кормандони тиб ҳамагӣ 3 сомониро ташкил медод, ҳоло ҳақмузди кормандони ин соҳа ба 1253 сомонӣ баробар шудааст. Ҳамчунин аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши пизишкон боз ба андозаи 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ба ҳамин минвол, буҷаи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон соли 2008 ҳамагӣ 255,6 миллион сомониро ташкил медод, ҳоло бошад он то 1 миллиарду 841 миллион сомонӣ афзоиш дода шуд.

Омори сирояту шифоёбӣ аз COVID - 19 дар моҳи июн

Гузашта аз ин, котиботи Президенти Тоҷикистон қайд мекунад, ки то соли 2021 сохтмони 132 иншооти марбут ба соҳаи тандурустӣ дар қаламрави кишвар ба назар гирифта шудааст.

Феълан теъдоди умумии муассисаҳои тиббӣ дар Тоҷикистон ба 4 369 адад баробар аст.

Коронавирус — афсона ва ҳақиқат - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус – афсона ё ҳақиқат

Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон ҳоло ҳам танқисӣ аз лиҳози нарасидани пизишкони касбӣ ва ҳамчунин ҳайати миёнаи тиббӣ мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, алъон дар қаламрави ин кишвар 4264 пизиш ва 2358 кормандони миёнаи тиббӣ намерасанд.

Аз ҳисоби муҷаҳҳаз гардондани муассисаҳои тиббӣ Тоҷикистон натиҷаҳои хуб ба даст овардааст.

Агар соли 1991 дар мамлакат танҳо як дона Дастгоҳи компютерии томографӣ мавҷуд буд, ҳоло шумораи чунин дастгоҳҳо ба 21 адад расидааст. Теъдоди дигар дастгоҳҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ зарур мебошанд, афзоиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон фавти атфол дар муқоиса ба соли 1991 ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0