Раҳмон пеши сарбазон рафт: боздид аз Қисми низомӣ ва баргузории гузашти низомӣ дар Дарвоз

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ раисҷумҳур дар ноҳияи Дарвоз ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар аснои шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол ва имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуд.

Президент Таджикисана в Бохтаре Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт

Гуфта шудааст, ки зимни шиносоӣ бо дигар имкониятҳои қисми низомӣ иттилоъ дода шуд, тайи се соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар дохили қисми низомии мазкур як қатор бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ ба истифода дода шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулинро вазифадор намуд, ки ба сифати ғизои сарбозон ва маҳсулнокии таоми омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

“Таъмини саривақтии хӯроки серғизо яке аз талаботи асосӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон мебошад”, - гуфт раисҷумҳури кившар.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки имконоти ин мавзеъ барои дар оянда парвариш кардани чорво, гузаронидани кишти зироат ва таъмини дигар қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрокворӣ самаранок истифода бурда шавад.

Генерал – майор Саёрабек Бачабекзода - Sputnik Тоҷикистон
Генерал писарашро ба аскарӣ фиристод: боз киҳо?

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар  доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, давоми ин солҳо дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ навсозӣ шуда, як қатор иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ низ таъмиру тармим гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар сӯханронӣ бо сарбозону афсарон таъкид кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлоли мамлакат буда, ҳамасола бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад.

“Дар ин баробар мустаҳкамсозии заминаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.”, - афзуд раисҷумҳури кишвар.

Баъди суханронии Президенти гузашти низомии сарбозон баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0