Генерал писарашро ба аскарӣ фиристод: боз киҳо?

© МИД РТГенерал – майор Саёрабек Бачабекзода
Генерал – майор Саёрабек Бачабекзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Як генерал-майори Артиши Тоҷикистон писарашро ба хизмати низомӣ фиристод. Ӯ дар ҳоли ҳозир баландтарин мақоми низомии кишвар аст, ки даъвати президент Эмомалиро Раҳмонро пазируфтааст

ДУШАНБЕ, 6 май – Sputnik. Саёрабек Бачабекзода, сардори Раёсати нерӯҳои муҳандисии Ситоди генералии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, писари 25 – солааш Исфандиёр Бачабеков чаҳор сол дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ду соли дигар ҳам Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Санкт Петербург, яке аз донишгоҳҳои қадимӣ ва муътабари Русия таҳсил кардааст.

Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Писарони 32 мансабдори бадахшониро ба артиш бурданд

“Риштааш низомӣ нест. Ҳар ду донишгоҳе, ки хатм кард, ба фанновариҳои иттилоотӣ, механика ва оптика ихтисос ёфтаанд. Ҳоло бо хоҳиши худ дар яке аз қисмҳои низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон хизмат мекунад. Ман фикр мекунам, хизмати низомӣ барои як ҷавон, бахусус писари генерал шарафи бузург аст ва ҳам дар зиндагиаш тағйироти мусбатеро ворид хоҳад кард”, - гуфт Саёрабек Бачабекзода.

Қаблан Сарафроз Музайянов, писари полковник Ҳилол Музайянзод, комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом низ ихтиёрӣ ба хизмати сарбозӣ рафт. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон аст.

Ориф Нозимиён, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳудуди 30 дарсади наваскарони даъвати баҳориро писарони кормандони мақомоти гуногуни ҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

“Ин даъват як қисмати бузурги нақша аз ҳисоби писарони кормандони мақомоти иҷроияву худи комиссиариатҳои ҳарбӣ иҷро шуд. Дар вилояти Бадахшон ва шаҳри Душанбе наздики 40-нафарӣ аз фарзандони мансабдорони ҳукумат ба сафи артиш пайвастанд. Ба ҷуз афроде, ки мардум мешиносад, аз қисми низомии вазорати дифоъ дар ноҳияи Восеъ як полковники дигар низ писарашро ба хизмат овард”, - гуфт Ориф Нозимиён.

Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни "облава": дар шаҳри Норак 60 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст

Тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи март содир шуд, имсол ҷавонони мутаваллиди миёни солҳои 1993 – 2002 ба хизмати аскарӣ даъват мешаванд, ки ду моҳ – аз 1 апрел то 31 май идома меёбад.

Он чӣ ки дар ин маърака мақомот барояш солҳои ахир мавриди интиқоди расонаҳову ҷомиаи шаҳрвандӣ қарор мегиранд, истифода аз роҳу усулҳои номатлуб, назири, ба истилоҳ, “сарбозшикор” ё “облава”, дар иҷро кардани нақша аст.

Президент дар бораи даъвати фарзандони мансабдор ба артиш

Аммо ба дунболи ин, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон моҳи феврал дар ҷаласае бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Нерӯҳои Мусаллаҳи кишвар ба ҷалби писарони фарзандони мансабдорони давлатӣ ишорат карда, гуфт, онҳо бояд намунаи ибрат бошанд, вазъ тағйир хӯрд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориш барои хизмати ҳарбии писарони вазирону вакилон ва имтиёзҳои нав баъди артиш

“Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намуна бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Нақшаи даъват

 Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон фақат дар даҳрӯзаи аввали даъвати баҳорӣ (1 то 10 апрел) ҳудуди 50% - и нақшаи даъвати ҳарбӣ ба анҷом расида буд. Ҳоло дар саросари Тоҷикистон беш аз 90% - и нақша иҷро шудааст, аз ҷумла Суғд - 80%, Хатлон - 100%, Душанбе - 100,8%, Бадахшон - 100% ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – наздики 100%.

Дар ин миён, генерал – майор Саёрабек Бачабекзода, сардори Раёсати нерӯҳои муҳандисии Ситоди генералии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, баландтарин мақоми низомиест, ки аз даъвати президенти Тоҷикистон истиқбол кардааст.

Маълумотномаи Бачабекзода

Генерал – майор Саёрабек Бачабекзода 9 январи соли 1965 дар ноҳияи Ванҷ тавваллуд шуда, хатмкардаи факултаи механикаву технологияҳои Донишгоҳи политтехникии Тоҷикистон, Донишгоҳи низомӣ (нерӯҳои муҳандисӣ) – и Академияи умуминизомии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Донишгоҳи Пекин, яке аз мӯътабартарин ва қадимитарин донишгоҳҳои Чин аст. 21 феврали соли 2018 бо фармони президенти Тоҷикистон ба полковник Бачабекзода Саёрабек Ҷиёнӣ рутбаи генерал – майор супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0