ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бозиҳои давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуд, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба ФФТ.
Бино бар иттилои манбаъ, 23-24 август дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд.
Дар даври мазкур 23 август дастаҳои футболи "Регар-ТадАЗҚ-и шаҳри Турсунзода бо "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе, "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ бо "Душанбе-83"-и шаҳри Душанбе ва 24 август "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ, "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан бо "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо КМВА ба майдон мебароянд.
Футбол: рӯзҳои бозии муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд
Пештар дар бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат дастаи "Истиқлол" бар дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби калони 4:0 ғолиб омад. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи "Истиқлол" бо дастаи "Хуҷанд" 11 холро ташкил дод.