ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд, хабар медиҳад "Ховар" дар истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои ФФТ,15 июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дар даври ҳаштякфинал ҷуфтҳо муайян гардиданд.
Дар ин давра дасатаҳои футболи "Равшан"-и Кӯлоб, бо "Панҷшер"-и Ҷалолиддин Балхӣ, "Истиқлол"-и Душанбе бо "Моҳир"-и Ёвон, "Барқчӣ"-и Ҳисор бо "Локомотив-Помир"-и Душанбе, "Душанбе-83"-и Душанбе бо "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, "Равшан"-и Зафаробод бо "Эсхата"-и Хуҷанд, "Файзканд"-и Восеъ бо "Хатлон"-и Бохтар, "Истаравшан"-и Истаравшан бо КМВА-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо "Куктош"ғ- Рӯдакӣ ба майдон мебароянд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Бозиҳои даври ҳаштякфиналӣ 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.
Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор
Ёдовар мешавем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 имкон пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 намояндагӣ кунад. Агар дар Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон як даста ғолиб ояд, пас дар Ҷоми КФО-2021 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард.