ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон вазъи беҳдоштиро шарҳ дода гуфт, то ба имрӯз ягон ҳолати сирояти бемории коронавирус дар ин минтақаи кишвар дарёфт нашудааст.
“Шояд бисёриҳо бовар накунанд, вале ин ҳақиқат аст, хушбахтона дар шаҳри Истиқлол то имрӯз бемории COVID-19 дарёфт нашудааст”, гуфт Ғоибов.
Сартабиб дар эмин мондани ин шаҳр аз хуруҷи бемории коронавирус ба чанд омил ишора кард, ки эҳтимол сабаб шудааст. Яке аз онҳо мавҷуд будани танҳо як шоҳроҳи воридшавӣ ба ин шаҳр аст, ки аз оғози сабти беморӣ дар кишвар то ҳол равуои сокинон зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Валиназар Ғоибов гуфт, аз оғози моҳи май, яъне аз замони сабти расмии бемории ҳамагири COVID-19 то аввалҳои моҳи август дар умум 10 мавриди бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯзи 7 август ба ин тараф, омори ин илтиҳоби шуш ҳам ба сифр баробар аст, таъкид кард, Ғоибов. Ба ин саволи мо, ки шояд илтиҳоби шуш, дар ин минтақа навъе аз бемории “вируси корона” аст?
“Мо аз ҳамаи беморони илтиҳоби шуш, таҳлил гирифта, барои ташхиси бемории коронавирус ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд равон кардем, ки натиҷаи ҳамаи онҳо манфӣ баромад”, гуфт Ғоибов.
Чанде пеш Наимҷон Комилзода, мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андози вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигорон оиди ҳолатҳои гирифтории кормандони ин мақомот ба бемории COVID-19 посух дода, гуфта буд, ки дар миёни 68 нафар танҳо як маврид ва он ҳам ба Ғолибҷон Ҳомидов, сардори нозироти андоз дар шаҳри Истиқлол аломатҳои бемории COVID-19 тасдиқ шудааст ва номбурда баъди 28-рӯзи табобат алайҳи ин беморӣ ғолиб омада, сари кораш баргаштааст.
Сартабиби шаҳри Истиқлол гуфт, Ғолибҷон Ҳомидов, сокини ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, қабл аз сардори нозироти андози шаҳр таъин шуданаш дар мақомоти андози шаҳри Истаравшан кор кардааст.
“Вақте муайян шуд, ки ташхиси бемориаш мусбӣ баромад, мо он касро ба маҳалли зисташон фиристодем ва он ҷо бештар аз бист рӯз табобат гирифта, пурра шифо ёфта ба кор омаданд”, афзуд сартабиб.
Мақоми 93-юми Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи сироятёбӣ ба коронавирус
Ба ин ҳол шаҳри Истиқлол, (пештара Табошар) бо доштани ҳудуди 18 ҳазор аҳолӣ, як шаҳри орӣ аз хуруҷи бемории каронавирус дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.