ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Валиназар Ғоибов, сартабиби бемористони марказии шаҳри Истиқлол дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хушбахтона то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба бемории коронавирус ё навъи COVID - 19 сабт нашудааст.
Ба иттилои сартабиб шаш нафар сокиноне, ки то ин муддат ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуданд, шифо ёфтаанд.
“Бояд бигуям, ки дар шаҳри мо аз рӯзи шурӯъи сабти бемории коронавирус то ба ҳол ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо 6 нафар ба илтиҳоби шуш гирифтор шуданд, ки 3 нафари онҳо баъди табобат аз Беморхонаи клиникавии Суғд баргашта, 1 нафари дигар қарор аст, имрӯз то фардо аз ин бемористон мураххас шавад ва 2 нафари дигар зери муроқибати табибони оилавӣ дар хонаҳояшон ба табобат фаро гирифта шудаанд”, гуфт Ғоибов.
Бино ба гуфти сартабиб дар ҳоли ҳозир дар ин шаҳри саноатӣ шаш нафар шаҳрвандони кишвари Хитой ба сар бурда, дар замони шуюъи бемории вируси корона ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ҳеҷ манбаъи хатар аз ҷумлаи ба кишвари худ сафар накардаанд.
Бо ин вуҷуд вазъи саломатии онҳо зери назорат гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир вазъи беҳдоштии ҳар кадоми онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.
Валиназар Ғоибов гуфт, онҳое, ки ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуданд, марҳилаи хаттарро пушти сар кардаанд ва ба ин ҳол вазъи саломатии сокинон ру ба беҳбуд арзёбӣ мешавад.
“Хушбахтона аз ҳисоби хуруҷи бемории илтиҳоби шуш ҳам ҳодисаи фавт ҷой надорад, балки шаш нафар дар вақти муолиҷа пурра шифо ёфта аз вартаи хатар раҳо шудаанд”, гуфт сартабиб.
Ӯ афзуд, бо вуҷуди набуди бемории коронавирус тибқи реҷа корҳои безараргардонӣ ва доир намудани суҳбату вохуриҳо бо аҳолӣ доир ба мавзӯъи пешгирикунанда аз сирояти ин маризӣ бо иштироки кормандони ташаккули тарзи ҳаёти солим ва масъулини мақомоти милитсия дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гузаронида мешавад.
Бино ба иттилоъи эълони Вазорати тандурустӣ, рӯзи 7-уми июн шумори умумии гирифторони коронавирус ё COVID -19 дар Тоҷикистон ба 4529 нафар расида, то ин сана 2673 кас ё 59 % дарсади маризон шифо ёфтаанд. Ба иттилои расмӣ давоми бештар аз як моҳ 48 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Ин, ки ба ҳисоби ҳар шаҳру ноҳияи кишвар омори ин беморӣ чи қадар рос меояд, мақомот шарҳ намедиҳанд ва гуфтани он, ки ҳоло ба шумори Истиқлол боз кадоме аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз сирояти вируси корона ё пандемияи COVID -19 орӣ ҳастанд ғайриимкон аст.
Вазири сахтгир: Абдуллозода гурӯҳи кориро ба санҷиши шароити беморони коронавирус фиристод
Шаҳри Истиқлол (дар гузашта Табошар) аз шаҳрҳои саноатии шимоли Тоҷикистон буда, тибқи маълумотҳои оморӣ ҳоло дар он ҳудуди 18 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.