Кашфи 142 тон дорувории пастсифат дар Тоҷикистон ва дастури таъсиси Маркази нави таҳлилӣ

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонк"Центр контроля качества" в Краснодарском крае
Центр контроля качества в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур дод, ки барои пешгирӣ кардани воридоти доруҳои қалбакӣ ва ба талабот номутобиқ дар кишвар маркази махсуси таҳлилӣ таъсис дода шавад

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тиб, дастур дод, ки дар назди Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази таҳлили биоэквивалентии дору таъсис дода шавад.

Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сокини Роштқалъа ба қасди худкушӣ худро ғарқи рӯди Шоҳдара кард: ҷасадашро наёфтанд

Дар мулоқот раисиҷумҳур таъкид кард, ки масъалаи муомилоти дорувории ба қайд гирифтанашуда ва ба талаботи стандартҳои сифат номутобиқ ҳанӯз ҳамчун мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад.

“Соли 2019-ум 176 ҳазор килограмм доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи ба талабот номутобиқ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст, ки 142 ҳазор килограмми он доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти гумрукро муваззаф кард, ки назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намоянд.

Лентаи хабарҳо
0