Занозании ҷавонмарду духтари ҳомила дар роҳ: пулис якеро ҳабс карду дигареро ҷарима -навор

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба навори дастраскарда оиди латукӯби ду нафар дар ҷойи ҷамъиятӣ, онҳоро боздошт намуд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба суроғаи электронии РВУД дар шаҳри Душанбе наворе ирсол гардидааст, ки ду нафар дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳамдигарро дашномҳои қабеҳ зада, мавриди латукӯб қарор доданд.

Котиботи Раёсати умури дохила дар пойтахт хабар медиҳад, дар навор муноқишаи як ҷавонмарду духтар инъикос ёфтааст, ки мард ронандаи таксии Ширкати "1111" мебошад ва ҷавондухтар шояд мусофири ӯ бошад.

Яке аз муттаҳамон дар ғорати мағозаҳои бозори Фаровон - Sputnik Тоҷикистон
Тағо ва ҷиян буданд: боздошти дуздони касбӣ, ки 10 мағозаи "Фаровон" - ро ғорат карданд

 Манбаъ аз нафарони боздоштшуда Зиёратзода Билолиддини 21- сола ва Муминова Табассуми 33 - сола ном бурда, изҳор дошт, ки муноқишаи онҳо дар кӯчаи Р.Набиев назди бозори собиқи "Ҷал-Ҷам" рух додааст.

"Дар заминаи баҳси бамиёномада ҳамдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дар мавзеи ҷамъиятӣ вайрон намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҷавоне, ки тағо ва ҷияни маъюбашро ба талбандагӣ водор мекард, боздошту ҳабс шуд - акс

Зимнан, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо қарори суд, Зиёратзода Билолиддин ба мӯҳлати 5 шабонаруз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ҷавонзан бинобар ҳомиладор будан ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷаримабандӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0