Тағо ва ҷиян буданд: боздошти дуздони касбӣ, ки 10 мағозаи "Фаровон" - ро ғорат карданд

© акс аз сафҳаи РВУД дар шаҳри ДушанбеЯке аз муттаҳамон дар ғорати мағозаҳои бозори Фаровон
Яке аз муттаҳамон дар ғорати мағозаҳои бозори Фаровон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони пулиси пойтахт ба доди фурӯшандаҳои мағозаҳо дар бозори "Фаровон" расида, ду дузди касбӣ, ки чандин мағозаҳоро ғорат намуданд, боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду дузди касбӣ хабар медиҳад, ки ба ҳамдигар пайванди хешу таборӣ доранд.

Берцы - Sputnik Тоҷикистон
Авбошии сарбоз дар 10 рӯзи рухсатӣ ба 6 соли маҳрумият аз озодӣ анҷомид: ғорат карду кӯфт

Манбаъ меафзояд, ба  кормандони пулиси пойтахт фурӯшандаҳои бозори "Фаровон" муроҷиат намуда, наворҳо аз лаҳзаи дуздии молу амвол дар чанд мағозаҳои бозорро пешниҳод карданд.

Гуфта мешавад, дуздони касбӣ давоми чанд рӯзи ахир аллакай 10 мағозаи ин бозооро мавриди ғорат қарор дода, ба соҳибони он хисороти калони моддӣ расонданд.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Зимнан, кормандони пулис ду нафар гумонбаршуда дар ғорати мағозаҳоро дастгир намуданд, ки инҳо Калонов Бурҳони 48 - сола, сокини вилояти Хатлон ва Ҳафизов Абуҷафари 35 - сола сокини пойтахт мебошанд.

Ҳар ду гумонбарон доғи судӣ дошта ҷияну тағо ҳастанд.

Муайян гардид, ки гумонбаршудаҳо тибқи маслиҳати пешакӣ аз якчанд мағозаҳои бозори Фаровон маҳсулоти ниёзи аввалро дуздидаанд.

ВКД маълум кард, ки дар шаҳри Душанбе идораи букмекерии “Рахш”-ро кӣ ғорат кард

Мавриди зикр аст, ки аз лаҳзаи боздошт то инҷониб чораҳои аввалини тафтишотӣ алакай 6 ҳолати силсиладуздиҳои ду нафар дуздони касбиро муайян намуда, ба ҳайси далел якчанд маводи рабудашуда аз дасти онҳо мусодира карда шуд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба далели мазкур маводҳои ҷамъовардашуда барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (дуздӣ) андешида шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0