Ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон баъд аз тавофуқ бо Амрико афзоиш ёфтааст

© AP / Uncredited / Гузариш ба медиабонкАфганские талибы, архивное фото
Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Афғонистон эълом кардааст, ки ҷунбиши Толибон пас аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ бо Амрико дар Қатар, ҳамалот ба манотиқи мухталифи ин кишварро афзоиш додааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Идораи амнияти миллии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кардааст, ки гурӯҳи Толибон пас аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ бо Амрико аз ду моҳу ними пеш то кунун се ҳазору ҳафтсаду  дувоздаҳ ҳамларо дар манотиқи мухталифи Афғонистон анҷом додааст, иттилоъ додааст радиои бурунмарзии Садои Хуросон.

Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ ба таваллудхонаи Афғонистон: 14 кушта ва 15 - и дигар захм бардоштанд

Тибқи иттилои Идораи амнияти миллии Афғонистон, дар ин ҳамалот  чаҳорсаду шасту нуҳ ғайринизомии афғон кушта ва ҳудуди нуҳсаду панҷоҳ ғайринизомӣ низ захмӣ шуданд.

Дар гузориши Идораи амнияти миллии Афғонистон ҳачунин гуфта шудааст, ки  ҳар чанд низомиёни афғон дар ин муддат дар ҳолати дифоӣ қарор доштанд, аммо барои ҳифозат аз ҷону  моли мардум, ҳудуди  ҳазору шашсад амалиёти дифоиро барои дафъи ин ҳамалот анҷом доданд, ки бар асари он ду ҳазору яксаду сию чаҳор нафар аз узвҳои Толибон кушта ва ҳудуди ҳазору ҳафтсад нафар аз онҳо захмӣ шуданд.

Дар пайи шиддат гирифтани ҷангу ҳамалоти  террористӣ дар Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар сешанбешаб дастур дод, низомиёни Афғонистон аз ҳолати дифоӣ хориҷ шуда ва ба ҳолати ҳуҷумӣ барои муқобила бо Толибон дароянд.

Лентаи хабарҳо
0