ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, ин миқдор бори бесифат ба се соҳибкори сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, бо мақсади коркард дар коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб бе риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ нигаҳдорӣ мешуд.
"Дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни санҷиши сардхона дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Б. Ғафуров, нигаҳдорӣ шудани 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ва бидуни борпечи кафолатдиҳандаи бехатарӣ, ки истеъмолкунанда тавонад оиди сифатнокиии маҳсулот маълумот гирад дарёфт карда шудааст", - гуфт Шарифӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Маҳсулоти гӯштии дарёфтшуда барои муайян кардани сифат ва кафолатнокии бехатарӣ ба мақомоти давлатии назораткунанда Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази стандартизатсия метрология сертификатсия ва нозироти савдо ва ба Маркази ташхиси озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод шудааст, ки дар вақти ташхис мутахассисони ҳар се мақомот маҳсулоти гӯштиро барои истеъмол номутобиқ арзёбӣ кардаанд.
Соҳибкор мехост ба Тоҷикистон 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд
Чанде қабл телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз боздошти ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Пӯлотов Азизҷон Ҳасанҷоничи 19 - сола ва Тоҷибоев Абдухолиқ Абдуғаффоровичи 33 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни аз сӯи кормандони Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дода буд, ки барои ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши беш аз 2 тон гӯшти кирмкардашудаи чорво машғул шудаанд.