Боздошти се соҳибкор дар Душанбе барои фурӯши 60 тонна гӯшти пастсифат ва бӯйзада - видео

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкКонтроль качества мяса. Архивное фото
Контроль качества мяса. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаб Раҳимов, Олим Ҷураев ва Мухтор Холматов соҳибкороне мебошанд, ки 60 тонна гӯшти пастсифатро барои фурӯш ба шаҳри Душанбе интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik.Дар Тоҷикистон ҳангоми амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд, гузориш медиҳад Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе як анборе бо миқдори зиёди маҳсулоти гӯштӣ дарёфт кард, ки бидуни риояи оддитарин қоидаҳои санитарӣ нигоҳ дошта мешуд.

Шашлык, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гӯштфурӯшони ҳаромфурӯш: беш аз 2 тон гӯшти кирмзадаро барои сихкабобу самбӯса фурӯхтанд

Муайян карда шуд, ки дар ду анбор соҳибкорон Раҷаб Раҳимов, Олим Ҷӯраев ва Мухтор Холматов 60 тонна гӯшти гуногунро дар шароити номатлуб нигоҳ доштанд.

Ташхиси беш аз 3 тон гӯшти ҳарому ифлоси 3 қасоби бозори Панҷшанбе

Бисёре аз маҳсулоти гӯшти гов, мурғ ва дигар навъи ҳайвоноти кушташуда дар қуттиҳо ва халтаҳо нигоҳ дошта шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Тоҷикстандарт Амонулло Қодиров, танҳо аз бӯй, муайян кардан мумкин буд, ки гӯшт ба қоидаҳои санитарӣ мувофиқат намекунад.

"Мо дар дохили мошинҳои соҳибкорон чанд халта маҳсулоти мурғиро дарёфт кардем, ки онҳо ҳатто дуруст яхкарда ва бастабандишуда нестанд", - гуфт Қодиров.

Зимнан, пас аз мусодираи маҳсулоти гӯштӣ як қисми он барои ташхис супорида шуд ва муайян гардид, ин гӯшт барои саломатии инсон хатарзо аст.

Зикр мегардад, дар ҳоли ҳозир алайҳи тоҷирон аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳама маҳсулоти пастсифат мусодира ва анборҳо мӯҳр зада шуданд.

Лентаи хабарҳо
0