БОР барои дастгирии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашт мекунад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТуристы идут в поход
Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Осиёгии Рушд ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ 10 миллион доллар ройгон медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои намояндагии доимии ин ташкилот дар Душанбе саозишномаи амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони милал ва ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ: Фонди коҳиши камбизоатӣ ва Маркази таҳлилии “Наво” ба имзо расид.

Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт

Гуфта мешавад, Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони милал (ЮНВТО) ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ ба Кумитаи рушди сайёҳӣ дар таҳияи аввалин ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ташаккули соҳаи сайёҳии кишвар ва нақшаи рушди устувори туризм кӯмак хоҳанд кард.

Интизор меравад, қарордод давоми як сол иҷро гардад.

 Ба иттилои манбаъ, баъди барқарор шудани фаъолияти сайёҳӣ дар кишвар барои ҷамъоварии маълумот дар бораи демография, интизориҳо, фаъолият, манбаъҳои иттилоот, сатҳи қаноатбахшӣ, сохтори хароҷот ва муносибати сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба ин соҳа таҳқиқот гузаронида мешавад.

Маълумоти гирдоварда ба мустаҳкам намудани омори соҳаи туризм ва беҳтар муайян намудани саҳми сайёҳӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

“Нақшаи пешниҳодшаванда рушди устувори сайёҳӣ банақшагирӣ, маркетинг ва татбиқи туризмро такмил хоҳад дод, то Тоҷикистонро ҳамчун як макони умедбахши сайёҳӣ муаррифӣ кунанд”.

БОР моҳи октябри соли 2019 лоиҳаи Рушди сайёҳиро барои кӯмак ба рушди соҳаи туризм дар асоси стандартҳои байналмилалӣ тасдиқ намуда буд.

Таъкид мешавад,  ин нахустин лоиҳаи БОР дар самти сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0