Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкВыборы президента Беларуси
Выборы президента Беларуси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард, хабар додааст, Sputnik Белорусия.

Голосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон интихоботи президентии Белорус баргузор нашуд

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

Лентаи хабарҳо
0