"Домод ҳангоми никоҳ дуздӣ кард": боздошти Расулов-видео

© Sputnik / © SputnikДве женщины на улице. архивное фото
Две женщины на улице. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милисаи ноҳияи Рӯдакӣ Шамсулло Расулови 20-cоларо боздошт кардаанд, ки дар дуздӣ бо шеваҳои хос, аз ҷумла дуздӣ ҳангоми бастани ақди никоҳаш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, дастгиршуда Расулов Шамсулло Аҳмадович, зодаи соли 2000-ум, истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод мебошад, ки қаблан низ суд шуда, дар ноҳияи Рӯдакӣ боз ба дуздӣ даст задааст.

Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол барои собун бо занозании як ба як ва марг дар кӯчаи Айнӣ анҷомид-видео

Ба гузориши ВУД, Расулов худро ҷавони зангир бо номи Шоҳрух муаррифӣ карда, вориди хонаҳои мардум мешудаасту даст ба дуздӣ задааст.

“Зангирам гуфтам, оқсақолӣ рафтам. Мегуфтам, занам сари фарзанд мурд, як кӯдак дорам, хотири фарзандам, ягон зани яккӯдака мегирам, ки як кӯдак аз вайу як кӯдак аз ман, нигоҳ кунад. Доданд, ташкилӣ карданд, авқот хӯрдем, аз ҳамон ҷояшон мулло оварданд, шома хондему никоҳ карданд. Дар берун гап-гап доштанд, ки дар лаби тоқ телефони “Нокиа билайн” буд, гирифтамаш оҳиста дар ҷейбакум задам, надиданд. Баъд аз хона баромадум, хуш омадедам карданд, рафтам”, - нақл кард Расулов дар гузориши нашркардаи ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки номбурда дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолатҳои дигар низ ба дуздиҳо даст задааст. ВУД таъкид кард, ки феълан муттаҳам дар боздошт буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0