20 соли зиндон: сокини Хатлон арақ ва оби ҷав нӯшида дар Гипрозем мардеро корд зада кушт

© PixabayМолоток
Молоток  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми сокини ноҳияи Хатлонро эълон кард, ки дар ҳолати мастӣ мардеро дар бозори "Сомон" нахуст дашном додаву сипас бо корд зада куштааст

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Меҳроҷиддин Саидҷаъфар сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон моҳи майи соли ҷорӣ мардеро корд зада кушт, хабар медиҳад Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Молоток судьи в суде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Се соли зиндон: суди Хуҷанд ҳукми корманди қалбакии идораи зидди фасодро эълон кард

Ба иттилои манбаъ, номбурда бегоҳии 6 - уми май дар нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ, воқеъ дар Гипрозем арақу оби ҷав нӯшида бо шаҳрванд Муродов Дустмурод ҷанҷол намуда, ӯро дашном додааст.

Панҷ сол ҳукми зиндони ҷавони 26 солаи пойтахт барои ғорати мағозаи “Эксклюзив”

Ҳарчанд Муродов ба алфози қабеҳи Меҳроҷиддин аҳамият намедод, дувумӣ ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дод.

Аснои аз нуқтаи фурӯши машрубот берун баромадани Муродов, сокини Хатлон ба ӯ дарафтода бо корди дар дасташ буда, ду маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ зарба задааст.

"Номбурда аз ҷароҳатҳои бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт", - гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан, нисбати Меҳроҷиддини Саидҷаъфар аз ҷониби прокурори ноҳияи Сино бо аломати моддаи 104 қисми 2 банди "к" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.

Суди шаҳри Душанбе Меҳроҷиддинро гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20  сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин намудааст.

Лентаи хабарҳо
0