ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Суди шаҳри Хуҷанд дар рафти мурофияи додгоҳӣ се ҳолати қаллобии Нуриддиновро ошкор намуда, нисбати ӯ бар асоси Қонуни ҷинояии Тоҷикистон ҷазо таъин намудааст.
Ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар ҷараёни маҷлиси судӣ таъкид шудааст, ки Нуриддинов Анвархӯҷа дар се ҳолат тариқи суҳбати телефонӣ худро корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз як раиси ҷамоат ва ду хизматчии давлатии дигар барои гуё ифшо накардани камбудиҳои кориашон ҷамъ 9,2 ҳазор сомонӣ ситонидааст.
"Ҳаракатҳои мардумфиребона тавассути суҳбати телефонӣ сурат гирифта, баъди ба мувофиқа расидан Нуриддинов ба ҳайси шогирд ва иҷрокунандаи супориши роҳбар ба назди ҷабрдидаҳо омада, маблағи маслиҳатшударо ба даст меорад. Ҳол он, ки нафари сеюм вуҷуд надошт ва нафари дар телефон суҳбаткарда низ, худи ӯ мебошад", - иттилоъ медиҳад Шарифӣ.
Боздошти кормади ҳукумати Кӯлоб аз суи Ожонси зидди фасод бо ҷурми заминфурӯшӣ
Судшаванда Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович, сокини 26 солаи шаҳри Хуҷанд буда, ягон ихтисоси касбӣ надорад ва дар ҳеҷ куҷо расман кор намекунад. Ӯ моҳи марти соли 2019 дар асоси моддаҳои 11 ва 237 и Кодекси ҷиноӣ суд шуда нисбаташ бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди ҷарима тадбиқ шудааст.
Қаблан дар нишасти матбуотӣ Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле аз амалҳои ғайриқонунии ин сокини шаҳри Хуҷанд огоҳ шудаанд, ки ӯ худро корманди ниҳоди онҳо хонда ба ситонидани маблағи шаҳрвандон машғул шудааст.
Тафтиши саросарии "Агроинвестбонк": Ожонси зидди фасод пулҳои “гумшуда”-ро меҷӯяд
Суди шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои айбдории Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдаровичро бар асоси моддаи 247 қисми 2 бандҳои "а" ва "в" - и асноди ҷиноӣ баррасӣ намуда, нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар Калонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ бо ҳуқуқи маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин кардааст.