Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои ошкорсозии "бениқобон": гигиенаву масофа риоя намешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласа манбаъи паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории вируси коронаро мавриди баррасӣ қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини шаҳр мавридҳои сироятёбӣ ва мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 ро таҳқиқ намудаанд.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Аз домоду арӯс то меҳмонон: дастури шаҳрдори Хуҷанд барои гузаштан аз санҷиши COVID-19

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Хуҷанд гуфтааст, ки мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон талаботҳои беҳдоштӣ риоя намегардад ва ин омил ба афзоиши хуруҷи беморӣ бе таъсир намемонад.

“Бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо аз манбаъҳои паҳншавии беморӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ бастани ниқол риояи масофаи иҷтимоӣ аслан риоя карда намешавад”, гуфтааст Нуруллозода.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд ва сардори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар аъзоёни ҷаласа дастур додааст, ки дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд гузаронанд ва ҳолатҳои риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ аз сӯи сокинонро ошкор намоянд.
Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид намуда ҷавобгарӣ аз рӯи ин моддаҳои қонунро шадидтар намуд.

Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон
Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Аз ҷумла дар қисми қисми 1 и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегуянд, ҳоло ин моддаҳо тоза ба қонун ҳамроҳ шудаанд ва аз ин хотир корҳои тарғиботӣ мебаранд, то мардум моҳияти қонунро дуруст дарк кунанд, дар акси ҳол барои риоя накардани ин бандҳои қонун татбиқи ҷазо ногузир аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бегоҳии дирӯз 9 уми август омори тозаи сироятёбӣ, табобат ва фавт аз бемории COVID-19 ро ироа кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави беморӣ дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ ба 7785 нафар баробар то ин сана 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, дар пайи хуруҷи он то имрӯз 62 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0